Тоҷикистон 50-солагии фаъолияти эҷодии Савринисо Сабзалиеваро ҷашн гирифт

Обуна шудан
Дар маҳфил доираи васеи ҳунармандону устодони санъати актёрӣ ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар кишвар 50-солагии фаъолияти эҷодии ҳунарпешаи машҳури тоҷик Савринисо Сабзалиеваро ҷашн гирифта шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, 5 марти соли 2018 дар толори "Арғунун" —и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева чорабинии идона доир гардид.

Дар маҳфил доираи васеи ҳунармандону устодони санъати актёрӣ ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

"Чорабиниро филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти эҷодии ҳунарпеша ҳусни оғоз бахшид. Сипас, ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода профессор Хайриддин Идиев меҳмононро хайрамақдам гуфта, соҳибҷашнро бо 50-солагии фаъолияти пурсамари эҷодӣ табрик гуфт",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Актриса Марьям Исоева - Sputnik Тоҷикистон
Бонуи ҳунар: Тоҷикистон 60-солагии фаъолияти Марям Исоеваро ҷашн мегирад

Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева порчаҳо ва монолог аз намоишномаҳои театрие, ки худ нақшофарӣ карда буд, пешкаши мухлисон гардонид.

Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мастона Эргашева суруди дилангезеро баҳри табрики соҳибҷашн ва болидарӯҳии меҳмонон ба самъи ҳамагон расонид. Донишҷӯёни факултаи театр, кино ва телевизион "Модарнома"-и омодакардаи худро доир ба 50 — солагии фаъолияти эҷодии устоди ҳунар манзури меҳмонон гардониданд. Чорабинӣ хеле хотирмон гузашт.

Савринисо Сабзалиева-ҳунарпешаи театр ва синамо 27 январи соли 1948 дар ВМКБ таваллуд шудааст. Ин зани тоҷик то имрӯз дар даҳҳо филм ва намоишномаҳо нақш офаридааст. Савринисо Сабзалиева дар соли 1979 дар филми "Субҳи ҷавонии мо" машҳур ба "Ниссо"-и коргардон Давлат Худоназаров яке аз нақшҳои асосиро бозида буд, ки баъд аз он ба таври ҳамешагӣ дар хотираҳои бинандагон нақш баст.

Ҳоло яке аз фарзандони Савринисо Сабзалиева-Самад Мансуров  касби модарро интихоб кардаву ҳунарманди синамо аст.

Лентаи хабарҳо
0