20:02 18 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Гвоздика, архивное фото

Коргардони маъруфи телевизиони тоҷик Соҷида Ғуломова даргузашт

© Sputnik / Сергей Аверин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
15601

Соҷида Ғуломова муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионии шоҳкор, чун "Найрангҳои Майсара” ва "Зани оҳанин” буд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Коргардони маъруфи телевизиони тоҷик Соҷида Ғуломова даргузашт. Дар ин бора ҳунарпеша Моҳпайкар Ёрова дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

"Имрӯз холаҷони азизу меҳрубонам, Соҷида Ғуломова бо мо падруд гуфтанд. Рӯҳашон шод бод",- менависад вай.

Бино бар иттилои Моҳпайкар Ёрова, Соҷида Ғуломова шаби гузашта, 9 март пас аз бемории тӯлони даргузаштааст. Маросими ҷаноза имрӯз, 10 март баргузор мешавад.

Соҷида Ғуломова яке аз маъруфтарин коргардонҳои телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионие, чун "Найрангҳои Майсара", "Зани оҳанин", "Имтиҳон","Зангирии Чаққабой","Ҳаёт ва ишқ", "Субҳи модар", "Армони модар" аст, ки аз ганҷҳои "фонди тилоӣ"-и телевизиони тоҷик дониста мешаванд ва то имрӯз батакрор нашр мешаванд.

Агар умр вафояш мекард, Соҷида Ғуломова рӯзи 25 март 81-сола мешуд.

Соҷида Ғуломова аз соли 1962 то 1993 дар бахши адабии телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.

Падари Соҷида Ғуломова — Ҳасан Ғуломов — афсари артиши Эрон будааст. Дар соли 1922 ӯ ҳамроҳ бо тақрибан600-700 сарбозаш ба саёҳати Озарбойҷони Шӯравӣ меоянд, вале дар ин байн марзҳои Шӯравӣ бо Эрон баста мешаванду онҳо дармемонанд. Ҳасан Ғуломов ба номи раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин нома навишта, аз ӯ мехоҳад,ки сарбозонашро дар Шӯравӣ ҷобаҷо кунанд. Мақомоти Шӯравӣ сарбозони эрониро 50-60 нафарӣ дар ҷумҳуриҳои мухталиф тақсим мекунанд ва худи Ҳасан Ғуломов ба Тоҷикистон меояд ва инҷо издивоҷ мекунад.

Соҷида Ғуломова намояндаи хонаводаест, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст. Хоҳари Соҷида Ғуломова- Фотима Ғуломова- коргардони театри ба номи Лоҳутии Душанбе ва бародарашИсфандиёр Ғуломовҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.

Аз фарзандони Соҷида Ғуломова касе пешаи ӯро интихоб накардааст, вале писари хоҳараш Фотима Ғуломова —Барзу Абдураззоқовяке аз маъруфтарин коргардонҳои муосири театри тоҷик эътироф шудааст. Духтари хоҳари дигари ӯ —Моҳпайкар Ёровава ҳамин тавр, духтарамакаш Зулхумор низ ҳунарпешаанд.

Барчаспҳо:
ҳунарпеша, даргузашт, Соҷида Ғуломова, Тоҷикистон