03:50 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Наврӯз дар Маскав

Наврӯз дар Арбат: Наврӯзро дар Маскав чӣ гуна ҷашн мегиранд

© Sputnik Ирина Гуцкова
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Дар чорчӯби таҷлили Наврӯз дар Маскав намоиши филмҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, намоиши пӯшокҳои миллӣ ва албатта консерту намоиши ғизои миллӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Дар Маскав аз 15 то 18 март дар "Арбати Кӯҳна" ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад.

Дар ин се рӯз хоҳишмандон метавонанд аз намоишгоҳи байналмилаллӣ, ки дар "Арбати Кӯҳна" баргузор мешавад дидан кунанд. Дар ин намоишгоҳ ҳунармандони Русия ва кишварҳои узви ИДМ маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон мекунанд.

Дар чорчӯби таҷлили Наврӯз дар Маскав намоиши филмҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, намоиши пӯшокҳои миллӣ ва албатта консерту намоиши ғизои миллӣ баргузор мешавад.

"Наврӯз нахустин бор дар "Арбати Кӯҳна" дар Максав таҷлил мешавад. Имсол баргузоркунандагони ин ҷашни бузург, "Кристалл-Экспо" ва сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ширкати созмони ҷамъиятии "Нур" мебошанд".

Дар ин рӯзҳо даромад ба намоишгоҳи наврӯзӣ ройгон ҳаст.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст, ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Барчаспҳо:
таҷлили Наврӯз, Наврӯз, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ