10:44 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Шабнам Сурайё

Шабнам Сурайё дар Наврӯз консерти онлайн баргузор мекунад

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
41120

Консерти Шабнам Cурайёро шабакаи Gem TV рӯзи 20 март намоиш медиҳад. Шоу соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнам Cурайё ба муносибати Наврӯз консерти онлайн баргузор мекунад. Ӯ ҳамроҳи дигар овозхонони эронӣ рӯи як саҳна ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Дар ин бора Шабнам Сурайё дар саҳифаи Instagram худ хабар додааст.

Консерти Шабнам Сурайёро шабакаи Gem TV рӯзи 20 март намоиш медиҳад. Шоу соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал Ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад.

Ҷашнвора рӯзи 22 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ҳошияи фестивали Наврӯз гардишгарони зиёде аз хориҷ ба Тоҷикистон биёянд.

Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарон, ки дар остонаи Наврўз ба Тоҷикистон меоянд, муаррифӣ карда шавад.

Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконоти гардишгарии кишвар, ҳунармандони ҷумҳурӣ бошанд маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

Мавзуъ

Шабнам Сурайё ва 101 ситораи эстрада дар рӯйхати сиёҳи Кумитаи андоз
Блогнависони маъруфи Тоҷикистон: аз Шабнам Сурайё то Нигина Амонқулова
Шабнам Сурайё, Фарзона Хуршед ва Сурайё Қосим дар Душанбе ду рӯз ҳунарнамоӣ мекунанд
Барчаспҳо:
консерти онлайн, Шабнам Сурайё, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ