22:00 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
74210

Дар маросими видоъ бо шоира намояндагони фарҳангу адабиёт ва ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, маросими видоъ бо шоира дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Дар маросими видоъ бо шоира намояндагони Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва намояндагони  фарҳангу адабиёти ҷумҳурӣ ширкат карданд.

"Шоира Норинисо Алимуҳаммедова на танҳо адиби сермаҳсул, балки ҳамчун ҷамоатчии фаъол дар байни сокинони Хуҷандшаҳр маҳбубияти хоса доштанд. Шодравон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолна ширкат варзида, бо суханони дилрас ва ашъори дилчасп мардумро ба фаъолияти созандагӣ ҳидоят менамуданд. Ирӯз шоираро ба роҳи охират гусел кунем ҳам, ашъори баландмазмун ва фаъолияти пурбаракату ибратбахшашон дар дилу дидаҳои мо солиёни зиёд боқӣ хоҳад монд",- гуфтааст Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд аз номи шаҳрдори Хуҷанд.

Ҷанозаи шоира Норинисо дар оромгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок супорида шуд.

Норинисои Алимуҳаммад 25 марти соли 1950 дар деҳаи  Раззоқи шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб, донандаи хуби китобҳои динӣ, ҳофизи Қуръон ва мухлиси ашаддии ғазалҳои лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз Алимуҳаммад-домулло чашм ба олами ҳастӣ во намуд.

Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: "Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона" гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст.

Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи "Дунёи умед" аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 "Оҳангҳои соҳил"-ро ба бор овард. "Гаҳвораи меҳр", "Садоқат", "Сию се ғазал", "Ҳазору сад сатр" бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, "Ошёни меҳр", "Лаҳзаи дидор", "Дарёи муҳаббат" ва "Меҳвари андеша"-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони "Дар зери чархи гардун…" бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид.

Портрет Таджикской поэтессы Нуринисо Алимухаммедова, архивное фото
© Пресс-служба мэра города Худжанд
Портрет Таджикской поэтессы Нуринисо Алимухаммедова, архивное фото

Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени "Шараф" мукофотонида шуд.

Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. То соли 2015 ҳамчун намояндаи халқии шаҳри Душанбе дар пайи ободиву озодии мамлакат ва баҳри пешбурди иқтисодиву сарсабзии он талош меварзиданд.

Барчаспҳо:
марги шоир, Норинисо Алимуҳаммад, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ