18:36 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Барои нахустин бор дар торихи баргузории Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенин хабарнигорон аз Камбуҷия, Того, Эквадор, Намибия, Руанда, Коста-Рика, Миёнмор ва Арабистони Саудӣ низ дар он ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Доварони даври нахусти Озмуни байналмилалии ёдбуди Андрей Стенин имсол беш аз 6 ҳазор қитъа акс аз хабарнигорони 77 кишвари ҷаҳон дарёфт кардаанд. Имсол ҳамчунин шумори бештаре аз фотожурналистҳо дархости ширкат дар ин озмунро додаанд.

"Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенин сол аз сол дар миёни фотожурналистҳои ҷаҳон маъруфтар мешавад. Шумори ширкаткунандагон дар он ҳар сол бештар аз пештар мешавад, ки афзоиши аҳаммияти ин озмун дар миёни фотожурналистҳои пешакорро нишон медиҳад. Имсол барои нахустин бор дар торихи баргузории озмун фотожурналистҳо аз Камбуҷия, Того, Эквадор, Намибия, Руанда, Коста-Рика, Миёнмор ва Арабистони Саудӣ низ дар он ширкат мекунанд", — мегӯяд Оксана Олейник, сарпарасти озмун, раҳбари барномаҳои дидории хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня".

Вай афзуд, ки бисёре аз аксҳои дарёфтӣ барои озмуни соли 2018 мубрамтарин мавзуъҳои ҷаҳони имрӯзро дар конун қарор дода ва намои ҷолибе аз онҳоро намоиш медиҳанд.

Акнун доварон даст ба кор мешаванд ва аксҳоеро, ки хабарнигорони аккос аз саросари ҷаҳон ба ин озмун фиристодаанд, баррасӣ ва арзёбӣ мекунанд. Имсол бештарин акс аз Русия, Чин, Ҳинд, Итолиё, Амрико ва Туркия дарёфт шудааст. Шаҳрвандони Русия 48 дарсад аз кулли ширкаткунандаҳо дар ин озмунро ташкил медиҳанд. Дар ин миён довталабон аз Маскав, Санкт-Петербург, Владивосток, Тюмен, Саратов, Воронеж ва Қазон бештар ҳастанд.

Феҳристи ширкаткунандаҳо дар ин давр аз озмун 22 май дар вебгоҳи stenincontest.ru мунташир хоҳад шуд. Барандагон ҷоизаҳояшонро тирамоҳи соли 2018 дарёфт хоҳанд кард. Ҳамон замон намоишгоҳи аксҳои онҳо низ баргузор хоҳад шуд.

Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенинро хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня" бо ҳамкорӣ ва сарпарастии Кумисюни Русия дар умури ЮНЕСКО баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории он пуштибонӣ аз фотожурналистҳои ҷавон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба вазифаҳои фотожурналистика дар ҷаҳони имрӯз аст.

Ин озмун майдоне барои ҳунарнамоии хабарнигорону аккосҳои ҷавон аст, ки истеъдод доранд ва ҳар падидаеро бо диде навҷӯёна менигаранд ва рухдодҳоро бо тасвир ба намоиш мегузоранд.

Барчаспҳо:
акс, озмун, Андрей Стенин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ