22:53 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Нимаи дуюми рӯзи 27 март намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Узбакистон аз шаҳри Истаравшан боздид карданд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳайати меҳмононро роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳр зери садои карнаю сурнай ва бо нону асал пешвоз гирифтаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Дар тарабхонаи "Се додарон" – и шаҳр бо иштироки сарояндагони шинохта чорабинии фарҳангӣ баргузор гардидааст.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам намуда, гуфтааст, ки бо ибтикори сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардид ва муносибатҳои миёни тоҷикону узбакҳо дубора барқарор гардид.

Нормурод Ҳасанов, раиси фонди "Нуронӣ" –и вилояти Самарқанд низ зимни суҳбат аз барқароршавии робитаҳо изҳори хушҳолӣ намуда, барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарият ва мардуми шаҳри Истаравшан изҳори сипос кардааст.

Дар баробари ин ҳайъати меҳмонон бо рафти корҳои сохтмониву барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қаълаи Муғтеппа" ошно гардида, бо дӯстони тоҷики худ расми хотиравӣ гирифтаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки бо мақсади ширкат дар тантанаҳои наврӯзии сокинони вилояти Суғд як гурӯҳи 20 нафараи намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Узбакистон ба вилояти Суғд омаданд.

Барчаспҳо:
боздид аз Истаравшан, Самарқанд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ