17:09 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мӯъмин Қаноат, акс аз бойгонӣ

Вазъи саломатии устод Мӯъмин Қаноат беҳбуд ёфтааст

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Устод Мӯъмин Қаноат, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ сармо хӯрдаву бемор шуда, акнун рӯ ба беҳбуд ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазъияти саломатии шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар рӯзҳои наврӯзӣ бад шудааст.

Чуноне ки наздикони хонаводаи ӯ мегӯянд, вазъияти саломатии шоири номии тоҷик ба далели сармохӯрдагӣ бад шуда, вале акнун аз доруву дармон беҳтар шудааст.

Яке аз наздикони хонаводаи устод Мӯъмин Қаноат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, устод дар рӯзҳои наврӯзӣ сармо хӯрда ва ҳолаш бад шуда буд, вале акнун рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.

Дар бораи бемории Мӯъмин Қаноат ҳамчунин арӯси хонаводаи вай Шаҳноз Комилзода низ дар сафҳаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

"Рӯзҳои наврӯзӣ саломатии бобобузургамон каме бад шуд ва Сурушакам субҳ аз хоб хесту гуфт: "Бобош бемор шудааст, ман рафта бобоша нигоҳубин мекунам", — навиштааст вай.    

Мӯъмин Қаноат 20 маи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст.

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст.

Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори "шеъри нав" даст ёфтааст.

Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Тавассути достони "Тоҷикистон — исми ман" (1977) дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Соли 1980 достони нави ӯ "Гаҳвораи Сино" ба дарёфти Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нойил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистаи ҳакими бузурги тоҷик, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринасоли миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад.

Намунаҳои осораш борҳо ба забонҳои русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испонӣ, муғулӣ ва ғайра чоп шуда, ӯ ҳам дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хизматҳои шоёни Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёт бо ордену медалҳои зиёде қадршиносӣ шуда, ӯ соли 1991 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидаст.

Барчаспҳо:
шоир, Мӯъмин Қаноат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ