15:48 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Дар Истаравшан Маркази ҷавонон ва наврасон ифтитоҳ шуд

Дар Истаравшан "Маркази наврасон ва ҷавонон" таъсис ёфт

© Мэрия города Истарвашан
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

"Маркази наврасон ва ҷавонон" аз 2 ошиёна ва 23 утоқ иборат буда, барои ташкили курсҳои омӯзишии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, рӯзғордорӣ мувофиқ гардонида шудааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Чанде пеш дар шаҳри Истаравшан бо  қарори раиси шаҳр муассисиаи давлатии "Маркази наврасон ва ҷавонон" таъсис дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, маркази дар заминаи собиқ Қасри маориф ва фарҳанг ба номи Раҳмон Маҳмудов ифтитоҳ шудааст.

"Маркази наврасон ва ҷавонон" аз 2 ошиёна ва 23 утоқ иборат буда, барои ташкили курсҳои омӯзишии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, рӯзғордорӣ мувофиқ гардонида шудааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Афзун бар ин,  дар "Маркази наврасон ва ҷавонон" утоқи корӣ барои фаълияти филилали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, толори калони фарҳангӣ, толори баргузории конфронс, толори "Хонаи кино", толори мусиқисароӣ, китобхона ва  қайҳвахона  ҷой дода шудааст.

Манбаъ меафзояд,  шумораи умумии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан беш аз 98 ҳазор нафар буда, ифтитоҳи маркази мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон шаҳр ба корҳои ҷамъиятӣ, омӯзиши забонҳо, касбу ҳунар ва пешгирии амалҳои номатлуб байни наврасону ҷавонони шаҳр мусоидат менамояд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, "Маркази наврасон ва ҷавонон", Истаравшан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ