19:39 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
390 0 0

Шоир чанд соли охир аз бемории қалб ранҷ мекашидааст. Наздикони устод аз Тоҷикистон мегӯянд, ба онҳо низ хабар расидааст, ки шоир дар шӯъбаи эҳё аст, аммо намедонанд, ки вазъаш беҳтар шудааст ё на

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Шоири номдори тоҷик Бозор Собир дар Амрико ба бемористон бистарӣ гаштааст. Тавре як корбари фейсбук Барот Қодирӣ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, панҷ рӯз мешавад, ки шоирро ба шӯъбаи эҳёи бемористон хобондаанд.

"Рӯзи панҷум аст, ки шоир Бозор Собирро дар Шӯъбаи эҳё хобанд. Дӯстон, таманно ва ниёишҳои худро дар ин рӯзҳои вазнини шоир ба хонаводаашон дареғ надоред",- менависад Барот Қодирӣ.

Тавре наздикони шоир аз Тоҷикистон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ба онҳо низ хабар расидааст, ки аҳволи шоир дар Амрико вазнин шудааст.

"Ба мо хабар расида буд, ки аҳволи шоир бад шудаасту ӯро ба шӯъбаи эҳё хобондаанд. Аммо ҳоло намедонем, вазъаш беҳбуд ёфтааст ё на",- мегӯянд наздикони шоир.

Ба гуфтаи онҳо, Бозор Собир шоир чанд сол боз аз бемории қалб ранҷ мекашид.

Барот Қодири дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, "ман чанде пеш бо писарашон ҳамсӯҳбат шудам ва шаби гузашта вай ба ман паёме навишта гуфт, ки аҳволашон вазнин шуда, дар шӯъбаи эҳёгарӣ табобат мегиранд".

Ёдрас мешавем, шоири тавонои тоҷик моҳи ноябри соли гузашта ба 79-солагӣ қадам монда буд.

Расонаҳо гузориш доданд, ки имсол ӯ мавлудашро дар Амрико таҷлил кард. Зиёиёони тоҷик ва фаъолони иҷтимоӣ дар интернет постерҳо навишта бори дигар аз шоиру мавқеи шеъри ӯ дар забони тоҷикӣ ва нигоҳи иҷтимоиву сиёсиаш ёдовар шуданд.

Соли гузашта, шоир дар рӯзи зодрӯзаш ба Sputnik Тоҷикистон мусоҳибае анҷом дода буд.

20-уми ноябри соли 2016. Шумораи телефони хонагии Бозор Собирро мечинам. Аз он сӯ ҳамсари устод посух мегӯянд. Гуфтам мехосатм устодро бо зодрӯзашон шодбош гӯям. Гуширо устоди шеър мегирад:
— Салом алейкум, устод. Зодрӯз муборак…!
— Ташаккур, ташаккур. Шумо аз куҷо телефон мекунед?
— Аз Маскав, устод.
— Сипос, барои зангатон.
Вақте хостам бипурсам, ки зодрӯзи шоир чӣ гуна мегузарад, хандиду гуфт, "ту ҳоло аз ман интервю ҳам гирифтам мехоҳӣ? Пагоҳ, пагоҳ занг зан".
Пагоҳ Бозор Собир ба қавлаш вафо кард. Устоди шеър дар он мусоҳиба аз рисолати шоирӣ, вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ, аз фарҳангу маданияти тоҷикон ва таъсири фарҳанги хориҷа ба он, аз даврони Шуравӣ ва Тоҷикистон сӯҳбат орост.

Бозор Собир аз ҷумла қайд кард, "шоир беҳтарин интелегенти миллат аст ва ӯ бояд дар ҳамаи корҳое, ки ба фарҳанг дахл дорад, даст дошта бошад".

Шоир мегуфт, аз қадрдонии ҳамватанон ва ҳаводоронаш дар Ватан сад дар сад розӣ аст. Вай афзуд, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, бо мардуми тоҷик наздиктар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз зиёиёону аҳли адаби кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар зодрӯзи шоир мавқеи ӯро дар шеъри муосири тоҷик махсус қайд карданд. Аз назарҳои диниву сиёси ӯ низ ёдовар шуданд, ки бештар дар ҷомеаи суннати Тоҷикистон зери интиқод қарор мегирад. Чуноне Бахтиёр Аминӣ дар гурӯҳи фейсбукии Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб навиштааст, "дар рӯзи зодрӯзи шоир ҳам интиқод кардани ӯ аз нигоҳи ақидаи диниву сиёсиаш аз рӯи маданият нест. Ва ин рӯзро ҷашн нагирифтан аз тарафи мо ҳаводорони шеър ба хотири диди сиёсӣ ва динии Бозор Собир носипосӣ мебуд".

Ба ҳамин монанд, рӯзноманигори маъруф Раҷаб Мирзо низ соле пеш дар гурӯҳи Ахбор барои афкор гуфта буд, "шахсиятҳое мисли Бозор Собирро ҳамеша бояд иззат кард, агарчӣ мавқеъгириҳояш бароямон писанд нест. Ӯ ва ӯ баринҳоро бояд ҳамин гуна қабул кард, ки ҳастанд".

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам!

Барчаспҳо:
шоир, беморӣ, Бозор Собир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ