Дар Рӯзи пойтахт сокинони Душанбе куҷо раванд

© Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе, архивное фото
Празднование Навруза в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи "Ирам" соати 10:00 ва дар дигар боғҳо соати 18:00 баргузор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.

Ин барномаҳо бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон, шаҳрдорӣ, Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон ба муносибати Рӯзи пойтахт роҳандозӣ шудааст.

Ҳаимн тавр, 21 апрел Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи "Ирам", Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ" дар Боғи "Дӯстии халқҳо", Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи "Рӯдакӣ" барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад.

Ба Душанбе баҳор омад - Sputnik Тоҷикистон
Ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе 15 бино мавриди истифода қарор мегиранд

Ҳамчунин, Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" дар Боғи "Парчами давлатӣ", Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Майдони 800-солагии Москва ва бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳринав дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ дар назди меҳмонони Душанбе ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Рӯзи 22 апрел Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" дар Боғи "Ирам", Муассисаи давлатии "Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода" дар Боғи "Дӯстии халқҳо", Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе дар Боғи устод "Рӯдакӣ" консерт баргузор мекунанд.

Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Майдони 800-солагии Москва ва Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ эстетикии кӯдакону ҷавонон дар Боғи "Парчами давлатӣ" муваззаф гардидаанд.

Барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи "Ирам" соати 10:00 ва дар дигар боғҳо соати 18:00 баргузор карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0