16:55 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Ҳунармандони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии мероси Шарҷа "Шоми дӯстӣ", ки дар Дубай баргузор шудааст, ширкат кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Дубай "Шоми дӯстӣ" барпо кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки бо ибтикори сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай дар ҳошияи Ҷашнвораи байналмилалии мероси Шарҷа, "Шоми дустӣ" баргузор гардидааст.

Дар ин шом ба мардуми араб ҳунарҳои мардумӣ, санъати тоҷик —рақсу сурудхонӣ ва навохтани дутор аз ҷониби донишҷӯён пешкаш гардида, оши палав муаррифӣ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки аз 4 то 22 апрели соли ҷорӣ ҳунармандон аз Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии мероси Шарҷа ширкат карда, маҳсули ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, чакандӯзӣ, сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ҳунари заргариро ба маъраз гузоштанд.

Соли дуввум мешавад, ки ҳунармандони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии мероси Шарҷа иштирок намуда, ҳунарҳои мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро ба истиқоматкунадагон ва сайёҳони Амороти Муттаҳидаи Араб муаррифӣ менамоянд.

Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, ҷашнвора, ширкат, АМА, Дубай

Мавзӯъҳои асосӣ