Рӯзҳои фарҳангӣ: мардуми Хатлонро бо фарҳанги Бадахшон ошно мекунанд

© SputnikПосольство Таджикистана в Москве дало прием в честь Дня независимости
Посольство Таджикистана в Москве дало прием в честь Дня независимости - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои фарҳангии Бадахшон дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони аҳли ҳунару фарҳанг ва адибону кишоварзон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мардуми вилояти Хатлон дар доираи Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ бо фарҳанги Бадахшон ошно хоҳанд шуд. Бино бар иттилои равобити умуми Ҳукумати вилояти Хатлон, маросими рӯзҳои фарҳанги аз 9 то 13  май дар чанд  шаҳру навоҳии вилояти   Хатлон баргузор мешавад.

 Дар доираи маросими мазкур, намоядагони ҷавонон, адибон  ва аҳли  ҳунари Бадахшон бо сокинони вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ анҷом хоҳанд дод.

Инчунин дар ин рӯзҳо маҳфилҳои гуногуни  фарҳангӣ таҳти унвони "Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат", "Ширу  шакари  адибони  Бадахшон  ва  Хатлон",  "Шоми дӯстӣ" ва ғайраҳо баргузор хоҳад шуд.

Дар  шаҳру  навоҳии вилоят ғайр аз барномаҳои фарҳангӣ инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ баргузор мешавад. 

Ҳамчунин дар назар аст раисони ду вилоят бо аҳолӣ ва собиқадорони вилоят  вохӯриҳо анҷом диҳанд.

Барномаи ҷамбастӣ қарор аст, дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Бохтари вилояти  Хатлон баргузор гардад.

Лентаи хабарҳо
0