01:40 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2258 0 0

Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки ба наздикӣ барпо мешавад, ҳамчунин ҳаҷми закот ва садақаи фитр муайян карда мешавад

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазонро рӯзи 14 май эълом хоҳанд кард, хабар медиҳад Тоҷик.ТА.

"Эҳтимол оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи 16 май рост ояд, вале ин сана метавонад тағйир ёбад.  Замони дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро дар Тоҷикистон рӯзи 14 май эълом мекунанд", — омадааст дар хабарнома.

Дар ҷаласаи Шӯрои уламо ҳамчунин ҳаҷми закот ва садақаи фитр муайян карда мешавад.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз қабл аз замони оғози рӯза фаро мерасад. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон рӯзи 27 май оғоз шуда буд.

Қариб 98 дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Ислом мебошанд. Ҳамчунин дар кишвар 85 Иттиҳодияҳои ғайримусалмонии динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯза-яке аз аркони дини Ислом аст, ки гирифтани он барои ҳар як мусалмон фарз мебошад.

Барчаспҳо:
оғози моҳи шарифи Рамазон, Шӯрои уламо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ