Каме гаронтар: нархи Ҳаҷҷ-2018 барои тоҷикистониён муайян шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники становятся на молитву вокруг Каабы в мечети Масджид аль-Харам в Мекке, архивное фото
Паломники становятся на молитву вокруг Каабы в мечети Масджид аль-Харам в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2018 сафари Ҳаҷҷ барои мусулмонони Тоҷикистон 33 ҳазор сомонӣ нарх дорад

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Нархи Ҳаҷҷи имсола дар қиёс бо порсол 89 доллар гаронтар буда, 3 ҳазору 712 доллар (33 ҳазору 410 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Кумитаи дин ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки баҳои имсолаи Ҳаҷҷ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

"Ба арзиши сафар нархи билети ҳавопаймо ба ҳарду самт, суғуртаи тиббӣ, харҷи ғизо ва иқомат дар меҳмонхонаҳои Макка ва Мадина, таъмин бо роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмин бо ҷузвдон ва ғайра дохил мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Фаризаи Ҳаҷҷ яке аз аркони дини мубини Ислом буда, бар касоне, ки барои рафтан ба хонаи Каъба тавоноии молӣ дошта бошанд, фарз мебошад.

Соли 2017 Кумитаи дин баҳои Ҳаҷҷро барои  шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан 33 сомонӣ (наздики 3630 доллар) муайян карда буд.

Порсол дар қиёс бо соли 2016 нархи Ҳаҷҷ то 4 ҳаор сомонӣ гаронтар шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0