21:11 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Румӣ Шоазимов

Филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи "Сарбози тиллоӣ" ширкат мекунад

личный архив режиссера
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Кинофоруми XXVII байналмилалии "Сарбози тиллоӣ" аз 22-юм то 31-уми майи соли 2018 дар шаҳри Севостопол мегузарад

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Филми "Хоби маймун"-и коргардони ҷавони тоҷикистонӣ Румӣ Шоазимов дар барномаи озмунии Ҷашнвораи "Сарбози тиллоӣ" иштирок хоҳад кард.

Дар ин бора коргардон дар саҳифаи Facebook-и худ навиштааст, ки ӯро фавран ва хурсандона бо ин навид табрику таҳният гуфтаанд.

"Ҳамкорони азизу гиромӣ, офаридагорони синамои "Хоби маймун", моро ба барномаи озмунии "Сарбози тиллоӣ" гирифтанд, ки онро Николай Бурляеви афсонавӣ роҳбарӣ мекунад! Ҳамаатонро бо ин воқеаи хӯш табрику муборакбод мегӯям! Ура!!!",  - навиштааст Шоазимов.

Ҷашнвораи XXVII байналмилалии "Сарбози тиллоӣ" аз 22-юм то 31-уми майи соли 2018 дар шаҳри Севостопол мегузарад.

Ин ҷашнвора бисёр коргардононро аз кишварҳои мухталифи дунё таҳти шиори "Барои ормонҳои ахлоқӣ, баҳри баланд бурдани рӯҳияи инсон", муттаҳид месозад.

"Хоби маймун" — нахустин филми тамомтӯли коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов мебошад, ки соли 2016 бар асоси ангезаи қиссаи нависандаи англис Уилям Ҷейкобс "Дасти маймун", ба навор гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
ҷашнвора, Филми "Хоби маймун", Румӣ Шоазимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ