21:12 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Намоишномаи Даври орифин

Баҳои баланди мардуми Хатлон ба ҳунари мардуми Бадахшон

© Sputnik Нилуфари Никкадам
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
241 0 0

Ҳунармандони театрҳои Рӯшон ва Роштқалъа дар Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён намоишномаҳои худро ба саҳна гузоштанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзҳои 11-13-уми май гурӯҳи фарҳангиёни навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Қубодиён омаданд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Хатлон.

Субҳи 12 май даро назди қасри фарҳанги ноҳия ҳунарҳои дастии косибон ва дӯзандагони ноҳия ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шудааст.

Пас аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ меҳмонон аз осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия боздид кардаанд.

Сипас дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунармандони театрҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба саҳна гузошта шудааст.

Аз тарафи тамошобинон ба ҳунари волои ин ҳунармандон баҳои баланд дода шудааст.

Баъд аз нисфирӯзии 12 май, маҳфилу вохӯриҳои занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи "Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат", "Шоми ҷавонӣ" ва маҳфили адибон – "Ширу шакар" баргузор шудааст.

Дар маҳфилҳои мазкур дастовардҳои замони истиқлол, шеъру адаб нақши занон ва ҷавонон дар таҳкими сулҳу дӯстӣ баррасӣ шудааст.

Чорабинии "Шоми дӯстӣ" ҷамъбасти рӯзҳои фарҳанги навоҳии Рӯшону Роштқалъа дар ноҳии Қубодиён шоми 12 май дар саҳни бинои Қасри фарҳанг баргузор шудааст.

Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Файзуллозода Зафар суханронӣ намуда, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, ба санъати ҳунармандони ин ноҳияҳо баҳои баланд додааст.

Дни культуры ГБАО в Хатлоне, архивное фото
Дни культуры ГБАО в Хатлоне, архивное фото

Раиси ноҳия ба меҳмонон барои заҳматҳояшон ҷиҳати намоиши фарҳанг ва ҳунари бадахшӣ дар ноҳия изҳори сипос намудааст.

Барчаспҳо:
баҳои баланд, Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Хатлон, ВМКБ, Қубодиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ