04:36 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Осорхонаи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳама ба осорхона: пагоҳ дар Тоҷикистон осорхонаҳо ройгон мешаванд

© Фото: Meros
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Иқдоми ҳарсолаи "Шаб дар Осорхона" 18 май соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" иқдомоти байналмилалии "Шаб дар Осорхона"-ро баргузор менамояд.

Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барнома рӯзи 18 майи соли равон аз соати 18:00 то 22:00 баргузор хоҳад шуд.

Дар ин шаб барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо истифода аз либосҳои миллӣ намоиши мӯд ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор карда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки тамошои осорхона аз соати 18:00 то соати 22:00 ройгон аст.

 

Барчаспҳо:
рӯзи 18 май, осорхонаи ройгон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ