23:58 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Меҳрона Ғайбуллоева

Қадрдонии ҳукумати Маскав аз Меҳрона Ғайбуллоева

© Sputnik / Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
23710

Меҳрона Ғайбуллоева барои ҳунарнамоӣ дар барномаи консертӣ дар Маскав соҳиби диплом шуд

ДУШАНБЕ, 25 май— Sputnik. Раҳбари бахши умури миллии шаҳрдории Маскав Виталий Сучков довталаби озмуни "Те беҳтаринӣ!" Меҳрона Ғайбуллоеваро бо дипломи вижа қадрдонӣ кард.

Овозхони ҷавони тоҷик ин дипломро барои ҳунарнамоӣ дар консерти Наврӯз дар Маскавба сазовор шудааст.

Бояд қайд кард, ки ин сипосномаи нахустини Меҳрона набуда, авоили моҳи май, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиби фарҳанги тоҷикӣ Меҳрона Ғайбуллоеваро қадрдонӣ кард.

Авохири моҳи март дар боғи ВДНХ Маскав ба муносибати Наврӯз консерти идона баргузор шуд.

Дар саҳнаи бузурги Маскав овозхононе чун Ренат Ибрагимов, Василий Овсянников, Надежда Кригина, Давлатманд Холов, ғолиби озмуни мусиқавии "Голос" Данила Поужников, гурӯҳи "Уч-Кудук" ва ғайра ҳунарнамоӣ карданд.

Дар баробари онҳо дар саҳнаи бузурги Маскав Меҳрона Ғайбуллоеваи 17-сола ҳунарнамоӣ кард. Ӯ барои меҳмонон суруди Полина Гагарина "Драмы больше нет"-ро иҷро кард. Ҳамин суруд буд, ки Меҳрона ба даври навбатии озмуни "Ту беҳтаринӣ " роҳ ёфт.

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳанӯз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад.

Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Барчаспҳо:
диплом, қадрдонӣ, Виталий Сучков, Меҳрона Ғайбуллоева, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ