00:06 12 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.74
  • RUB0.14
Андӣ Мададиён, акс аз бойгонӣ

Андӣ Мададиён дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунад

© Sputnik Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
13210

Нархи билети консерт дар вебгоҳи andyinrussia.com аз 80 доллар то 150 доллар арзёбӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Андӣ Мададиён — ҳунарманди машҳури эронитабор дувумин консерташро дар Русия баргузор мекунад.

Ин дафъа ҳунарнамоии Андӣ дар шаҳри Санкт-Петербург сурат мегирад.

Тавре муҷрии тоҷик Аслишо Акимбеко дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, консерт 14 июн дар Маҷмааи "М-1 Арена" баргузор мешавад.


Нархи билет дар вебгоҳи andyinrussia.com аз 80 доллар то 150 доллар арзёбӣ гардидааст.

Ҳунарманди эронитабор аввалин консерташро дар Русия дар Маскав баргузор карда буд.

Ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки нақша дорад ба Тоҷикистону Узбакистон низ бо сафари ҳунарӣ ташриф орад.

Андӣ мардуми Тоҷикистонро хушбахт номида буд, чун мусиқӣ дар кишвар озод аст.

Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, Андӣ Мададиён, Эрон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ