05:04 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Новый парк Дунёи афсона, архивное фото

Бо супориши раисҷумҳур: дар Тоҷикистон беҳтарин боғи фарҳангиро муайян карданд

© Sputnik / Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Беҳтарин боғи фарҳангӣ-фароғатии сатҳи шаҳрӣ дар Тоҷикистон боғи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе эътироф шуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар Боғи Айнии пойтахт натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Гулзори маърифат" ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ғолибони озмунро дар як ҳамоиши бошукӯҳ дар боғи Айнӣ эълон карданд.

"Ғолиби боғҳои фарҳангӣ-фароғатии сатҳи ноҳиявро боғи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба даст овард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в парке культуры и отдыха имени Садриддина Айни после реконструкции
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Ҷойи дувумро Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Рашт ва севумро боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба даст овардааст.

Беҳтарин боғи фарҳангиву фароғатии сатҳи шаҳрӣ дар Тоҷикистон боғи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе эътироф гардид. Ҷойи дувумро боғи "Парчами миллӣ" дар шаҳри Душанбе ва ҷойи севум боғи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон ва боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сазовор шудаанд.

Ғайр аз дилом ба ғолибон, барои  ҷойи аввал 1500 сомонӣ,  ҷои дуюм ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 500 сомонӣ тақдим карданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар озмуни мазкур 66 боғи фарҳангӣ-фароғатиро аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд.

Озмуни беҳтарин боғи фарҳангиву фароғатӣ бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Мақсади гузаронидани ин озмун ободонӣ ва беҳтар намудани симои шаҳр будааст.

Барчаспҳо:
порк, Боғи Ирам, Садриддин Айнӣ, Хатлон, Суғд, душанбе, озмун, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ