Дар Бадахшон беҳтарин овозхононро муайян карданд

© Sputnik / Мельников ВалерийФестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве
Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳакамони озмун ҷойи якумро ба ҳунарманди ансамбли "Навои Бадахшон" Борониева Гуландом, ҷойи дуюмро ба ҳунарманди ансамбли "Эҳё" Анҷумани Акобиршозода ва ҷойҳои сеюмро ба ду нафар ҳунармандон: Галина Нанокова аз бахши фарҳанги ноҳияи Шуғнон ва Сироҷ Мамадюсупов аз бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ муносиб донистанд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии суруди беҳтарин таҳти унвони "Тоҷикистон — Ватани азизи ман" ҷамъбаст гардида, ғолибони даври вилоятӣ барои иштирок дар даври ниҳоӣ муайян шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, озмуни вилоятӣ дар амфитеатри боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Хоруғ бо иштироки ҳунарпешагоне, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб омада буданд, бо тантана сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят озмун аз 21 май то 10 июни соли равон гузаронида шуда, ғолибон ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифта буданд.

"Дар баргузории озмун шоирон ва адибони Бадахшон, котиби масъули башхи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Бадахшон Лаъҷубаи Мирзоҳасан, директори китобхонаи вилоятӣ А. Чароғабдолов ва дагарон фаъолона иштирок намуданд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Озмуни вилоятӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ — маърифатӣ баргузор гардида, аз тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд.

Ҳакамони озмун ҷойи якумро ба ҳунарманди ансамбли "Навои Бадахшон" Борониева Гуландом, ҷойи дуюмро ба ҳунарманди ансамбли "Эҳё" Анҷумани Акобиршозода ва ҷойҳои сеюмро ба ду нафар ҳунармандон: Галина Нанокова аз бахши фарҳанги ноҳияи Шуғнон ва Сироҷ Мамадюсупов аз бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ муносиб донистанд.

 

Лентаи хабарҳо
0