18:02 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
92113

Орумбекзода гуфт, дастурамал хусусияти тавсиявӣ ва тарбиявӣ дошта,бо мақсади баланд бардоштани одоби либоспӯшии шаҳрвандон ва тарғиби либоси миллӣ таҳия гардидааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар рафти нишасти матбуотӣ пешниҳоди дастурамали Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро дар бораи либоси миллӣ барои бонувон ва мардон тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин дастуруламал танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад ва мақсад аз он тарғиби либоси миллӣ мебошад.

"Дастурамали либосҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ ва тарбиявӣ дошта, бо мақсади баланд бардоштани одоби либоспӯшии шаҳрвандон ва тарғиби либоси миллӣ таҳия гардидааст", — гуфт вай.

Ёдрас мешавем, моҳҳои марти соли равон Вазорати фарҳанг хабар дод, ки барои либоспӯшии занон дастурамал пешниҳод кардааст.
Дар китоб тавсияҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ доир ба чӣ гуна сарулибос ба бар кардани духтарону занон дар чорабиниҳои гуногун ва ҳаёти рӯзмарра зикр мешавад.
Ҳамчунин ниҳод барои либоспӯшии мардон низ тавсия додааст.

Барчаспҳо:
либоси миллӣ, вазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ