13:42 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Ҳаъати Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Дар Озарбойҷон омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ мешавад

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
177 0 0

Ҳукумати Озарбойҷон минбаъд дар сатҳи давлатӣ дар омӯзиш ва паҳншавии забони тоҷикӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҷониби Тоҷикистон бошад дар навбати худ ба паҳншавии забони озарӣ дар ҷумҳурӣ созгорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Озарбойҷон ба омӯзиш ва паҳншавии забони тоҷикӣ дар сатҳи давлатӣ мусоидат хоҳанд кард. Дар ин бора имрӯз, 10 август раисҷумҳурони ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба мувофиқа расиданд.

Тибқи ҳуҷҷат, ду кишвар ӯҳдадор шудаанд, ки ба густариши омӯзиши забонҳои ду давлат дар кишварҳояшон мусоидат кунанд.

"арафҳо дар сатҳи давлатӣ ба омӯзиш ва паҳншавии забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва забони озарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард", — омадааст дар санад.

Ҳамчунин раисҷумҳурон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илм, дар соҳаҳои низомҳои миллии маориф тавассути татбиқи барномаҳои муштараки таҳсили донишҷӯён ва хонандагон, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон, табодули барномаҳои таҳсил омодагии худро изҳор доштанд.

"Тарафҳо ҳамкориҳои байни академияҳои илмҳо ва дигар муассисаҳои илмии ҳар ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ташвиқ менамоянд", — таъкид мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Боку Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев изҳороти муштарак ба имзо расониданд.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Илҳом Алиевро ба кишвар даъват кард. Даъват пазируфта шудааст.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, омӯзиш, забон, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ