Исломшиноси № 1-и раисиҷумҳур дар бораи қурбонӣ: қиматфурӯшҳо ба бало гирифтор мешаванд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-Байрама. Архивное фото
Празднование Курбан-Байрама. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон нозукиҳои фазилати Иди Қурбонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Баротзода бо нашри як матлаб дар сомонаи "Ховар" шарҳ додааст, ки маънои аслии луғавии калимаи "қурбон" наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти хушнудии Ӯст.

"Ин оин шаклу гунаҳои мухталиф дар тамоми динҳо доштааст, вале барои мусулмонон қурбонӣ кардан аз ҳамон суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Онро бо номҳои иди Қурбон, иди Азҳо ва гӯспандкушон ном мебаранд, ки ба рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ рост меояд", — навиштааст мудири Маркази исломӣ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Паёми шодбошии раисиҷумҳур: кӣ қурбонӣ кунад ва маънои ҳоҷӣ будан чист?

Ӯ зикр кардааст, ки дар доираи муқаррароти иди Азҳо қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст.

Дар идома Баротзода аз ояти 36 сураи Ҳаҷ зикр кардааст, ки дар ин он гуфта мешавад, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ "бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед".

"Шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст бо ризомандӣ ҳаққи қассобро дода, бо ёрии ӯ гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёзмандону бенавоён  тақсим карда медиҳад ва бо истифодаи ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рӯзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд", — изҳор доштааст исломшиноси назди раисиҷумҳур.

Ӯ таъкид намудааст, ки аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннат аст ва дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) воҷиб аст.

"Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб, ки соли 2018 — 20400 сомонӣ муайян гардидааст, воҷиб мегардад", — таъкид намудааст Баротзода.

Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин гуфт дар иди Қурбон "исрофкорон" ва "қиматфурӯшон"-ро ҷарима мекунад

Директори Маркази исломшиносӣ шарҳ додааст, ки касе назр карда бошад, ҳамаи гӯшти қурбониро ба бенавоён тақсим карда медиҳад, чизе аз он намехӯрад ва бо он сарватмандонро намехӯронад.

"Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гӯшти қурбонӣ воҷиб мегардад. Ҳамчунин бояд донист, ки барои оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, фақеҳони мазҳаб беҳтар шумурдаанд, ки ҳамаи гӯшти қурбониро барои худ захира карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад", — тавсия додааст ӯ.

Баротзода изҳор доштааст, ки дар даврони истиқлолият чандин бидъатҳои хурофотӣ ҳамрадифи идҳои динӣ гаштааст, ки яке аз онҳо идгардаки кӯдакони хурдсол дар ба дари хонаи мардум аст. "Албатта, харидани либоси нав ва ҳадя додани аҳли хонавода ба ҳамдигар рафтори мақбул аст. Вале оё ақли солим қабул карда метавонад, ки хона ба хонаи дигарон "ид муборак" гӯён сар халонидани кӯдакон ягон мисқоли заррае аҳамияти тарбияӣ дар сиришти онҳо афзун мекарда бошад? Ҳаргиз не. Ва ё гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба хонаи ҳамдигар рафтани ҳамсинфон — боз дар шакли духтарон алоҳидаву писарон алоҳида, — ҷиҳати оростани суҳбатҳои пучу беҳуда бо номи "идгардак" магар ба ҷуз эҷоди нороҳатӣ барои соҳибони хона манфиати дигаре дорад? Чунин тарзи рафторҳо бо омӯзаҳои динию мазҳабӣ ҳеҷ иртиботе надоранд ва бояд аз мафкураву ҷаҳонбинии мо давра ба давра берун оварда шаванд", — таъкид намудааст исломшинос.

Празднование Курбан-Байрама. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарори таърихии раисиҷумҳур: Иди Қурбон се рӯз таҷлил шавад

Ӯ ҳамчунин хостори бозбинии ҷунунвор пур кардани дастархон бо анвои хӯрдании зиёд  шудааст.

"Рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр бештари маводи хӯрока омили гарон шудани нарх мегардад", — гуфтааст Баротзода.

Директори Маркази исломшиносӣ ҳушдор додааст, ки ҳеҷ тоҷиру соҳибкор ва фурӯшандаи қаторӣ набояд умедвор бошад, ки ба сабаби дар арафаи иди динию эътиқодӣ гарон фурӯхтани маҳсулоти худ манфиату даромад мебинад.

"Баръакс, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин беинсофон дере нагузашта гирифтори бало мешаванд ва фоидаи гӯё калон ба даст овардаашон барояшон зиён меоварад. Вале шахсоне, ки дар арафаи ид нархи маҳсулоташонро аз пештара камтар карда мефурӯшанд, баракати корашон дучанд мегардад. Ин як воқеияти бебаҳс аст, ки ба зершуури имонии инсонҳо бастагӣ дорад ва ҳар кас ҳақиқати онро дар таҷрибаи худ санҷида метавонад", — таъкид кардааст Баротзода.

Ӯ гуфтааст, шахсоне, ки имконияти фарох надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ доранд, аз тариқи дуруду фотеҳа хондан ба рӯҳи гузаштагон, аёдати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид  бояд иктифо кунанд.

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон 21 август дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0