07:16 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Ҳунарнамоии овозхонҳои тоҷик дар Узбакистон

Ҳунарнамоии Афзалшоҳ Шодиев ва Нигина Амонқулова дар "Шоми дӯстӣ" дар Самарқанду Бухоро

Вазорати фарҳанги ҶТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
101420

Барномоҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро идомаи мантиқии барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” буда, минбаъд низ баргузор мегарданд. Дар ояндаи наздик сафарҳои ҷавобии ҳунармандони узбак ба Тоҷикистон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Чанде аз ҳунармандони машҳури тоҷик дар идомаи барномаи "Шоми дӯстӣ" дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ҳунарнамоӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, идомаи барномаи фарҳангӣ баъди сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Барномаҳои консертӣ бо мақсади тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо супориши роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" ташкил гардиданд.

"Дар ин барномаҳои консертӣ ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик Афзалшоҳ Шодиев, Нигина Амонқулова, Сироҷиддин Фозилов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Мадина Ақназарова якҷоя бо сарояндагони ӯзбек ҳунарнамоӣ намуда, бори дигар собит сохтанд, ки санъату ҳунар марзу бумро намепазирад ва ҳамеша аз дилҳо бархоста ба дилҳо менишинад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Барномоҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро идомаи мантиқии барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" буда, минбаъд низ баргузор мегарданд. Дар ояндаи наздик сафарҳои ҷавобии ҳунармандони узбак ба Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдрас мешавем, дар "Шоми дӯстӣ", ки шоми 17 август дар Тошканд баргузор шуд, беш аз 170 ҳунарманди тоҷик баромад карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик баҳои баланд дода гуфт, ки онҳо тавонистанд Тоҷикистонро дар кишвари дӯст шоиста муаррифи кунанд.

Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, Афзалшо Шодиев, Нигина Амонқулова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ