21:35 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Духтар ҳангоми пӯшидани ҳиҷоб, акс аз бойгонӣ

Навори баҳси талабаҳои ҳиҷобпӯш дар деҳаи тоҷикнишини Қазоқистон: вазир қазияро шарҳ дод

© AP / Russell Contreras
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
236 0 0

Вазири маориф ва илми Қазоқистон баҳси роҳ наёфтани муҳассилини ҳиҷобдор ба мактаб дар деҳаи тоҷикнишини ин кишварро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ерлан Сагадиев, вазири маориф ва илми Қазоқистон, гуфт, муҳассилини ҳиҷобдори деҳаи  Фирдавсӣ дар вилояти Туркистонро ба мактаб роҳ нахоҳад дод.

Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, Сагадиев дар шарҳи роҳ надодани духтарони ҳиҷобпӯши деҳаи тоҷикнишини Фирдавсӣ изҳор дошт, ки бар асоси қонунгузории Қазоқистон, вуруди хонандагон бо либоси мазҳабӣ ба мактаб мамнуъ мебошад.

Вазир қотеона таъкид намудааст, ки муҳассилини ҳиҷобдор дар Фирдавсӣ ҳамон тавре, ки дар Оқтеппа буд, ба мактаб роҳ дода нахоҳанд шуд.

Навори роҳ наёфтани духтарони ҳиҷобдор, ки 1 сентябри соли равон сурат гирифтааст, корбари фейсбук  нашр кард. Наворбардор бо забони тоҷикӣ аз духтарони ҳиҷобдор хост, вориди мактаб шаванд, аммо масъулин ва милиса монеи роҳашон шуданд.

 "Комиссияи махсус ба деҳаи Фирдавсӣ равон карда шуд. Бо волидони духтарони ҳиҷобпӯш суҳбат мекунем ва ба як хулоса хоҳем омад. Масъулини ниҳодҳои дахлдор ва ҳукумати маҳаллӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд", — гуфтаст вазир.

Соли гузашта волидони духтарони ҳиҷобдор дар Оқтеппа, ки ба мактаб роҳ наёфтанд, масъулинро ба додгоҳ кашиданд, аммо натавонистанд ба ҳада расанд.

Сокинони деҳаи тоҷикнишини Фирдавсӣ изҳор доштаанд, ки пӯшидани рӯймол анъанаи миллӣ аст ва онро бояд риоя кунанд.

Барчаспҳо:
тоҷикнишин, Фирдавсӣ, деҳа, мактаб, ҳиҷоб, Тоҷикистон-Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ