23:59 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Ҷашни истиқлолият дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Вазорати фарҳанг макон ва замони барномаҳои консертиро дар рӯзи Истиқлолият интишор кард

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барномаҳои ҳунарӣ ва консертиро барои сокинони пойтахт бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон мунташир кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Вазоарти фарҳанги Тоҷикистон, 9 сентябри соли равон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории ҳамоишҳои гуногуни консертию ҳунарӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, шоми рӯзи ид соати 19:30 дар Наврӯзгоҳи пойтахт барномаи муҳташам ва мутантани фарҳангӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони «Тантанаи Истиқлол» баргузор мегардад.

Инчунин, субҳи 9 сентябр соати 9:00 дар боғи навбунёди фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ, боғи ба номи С. Айнӣ, майдончаи фарҳангиву фароғатии воқеъ дар хиёбони А.Сино ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.

Шоми рӯзи 9 сентябр барои сокинон ва меҳмонони шаҳр, соати 18:30 дар Боғҳои Ирам, Фирдавсӣ, Парчами давлатӣ ва боғи ба номи С. Айнӣ барномаҳои ҳунарӣ баргузор карда мешавад.

Вазорати фарҳанг таъкид намудааст, ки шоми 8 сентябри соли равон низ соати 18:30 дар боғҳои Фирдавсӣ, С. Айнӣ, Парчами давлатӣ ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои идона ташкил карда мешаванд.

Барчаспҳо:
Наврӯзгоҳ, истиқлолият, боғ, ҷашн, Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ