11:06 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Бабин бо кинопленка. акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе 3-юмин кинофестивали “Навсоз" баргузор мешавад

© Sputnik / Артем Житенев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон 3-юмин кинофестивали байналмиллалии филмҳои кӯтоҳ – “Навсоз” — 2018 баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур намояндагони кишварҳои Амрико, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Афғонистон, Русия, Узбакситон ва Белорусия ширкат хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи манбаъ, кинофестивали байналмиллалии филмҳои кӯтоҳ — "Навсоз" бори аввал дар соли 2016 бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил ва баргузор шуда буд.

Соли 2017 фестивали мазкур бахшида ба 80 солагии Ҳунарпеши халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадоев бахшида шуда ва дар он намояндагони зиёд аз кишварҳои мухталиф ширкат намуданд.

Кинофестивал дар бахшҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад ва филмбардорон барои ҷоизаҳои «Беҳтарин филм", "Беҳтарин сенария", "Беҳтарин коргардон" "Беҳтарин наворбардор", "Ҷоизаи махсуси аъзои ҳакамон" ва "Шоҳҷоиза"-и ҷашнвораи "Навсоз" рақобат мекунанд.

манбаъ таъкид намудааст, ки дӯстдорони синамо метавонанд рӯзҳои 17, 18 ва 19-ум сентябр аз соати 10 то 12 дар кинотеатри "Ватан" аз беҳтарин филмҳои кӯтоҳи кинематографистони ҷаҳон тамошо кунанд.

Тамошои филмҳо дар кинофестивал комилан ройгон ва озод аст. 

Барчаспҳо:
пойтахт, Душанбе, ҷашнвора, филм, синамо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ