17:55 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Нигина Амонқулова, акс аз бойгонӣ

Нашри суруд ва клипи нави Нигина Амонқулова аз Самарқанд (НАВОР)

© Facebook / Nigina Amonkulova
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
234533

"Azim Production" суруд ва намоҳанги ҷадиди Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷикро нашр кард, ки бо иштироки раққосаҳои Узбакистон дар шаҳри Самарқанд сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. "Дилнома" — суруд ва намоҳанги нави Нигина Амонқулова мебошад, ки матни он эҷоди Орзу Исоев, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мебошад.  Намоҳанги ҷадиди Амонқулова дар "Регистон"-и Самарқанд сабт шуда, тайи ҳамагӣ чанд соати нашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо ҳазор мухлис пайдо намудааст.

Ахиран Нигина Амонқулова дар доираи як барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Самарқанд қарор дошт ва дар консерт зери унвони "Шоми дӯстӣ"  баробари як гурӯҳ ҳунармандони  дигар аз Тоҷикистону Узбакистон ҳунарнамоӣ намуд.

Дар доираи сафар Амонқулова бо хабарнигори  "Пайки Самарқанд" мусоҳиба карда, аз пуштибонҳояш дар саҳнаи ҳунар суҳбат намуд.

Ӯ гуфт, бо дастгирии бародараш Хусрав  ва модаркалонаш дар саҳнаи ҳунар мавқеъ пайдо кард.

"Ҳангоми таҳсил дар коллеҷи тиббӣ дар барномаҳои фарҳангии зиёде баромад мекардам, сурудҳои халқӣ мехондам. Таронаҳоям ба тамошобинон писанд омада,  маро намегузоштанд, ки аз саҳна равам. Хоҳиш мекарданд, ки ақалан як суруди дигар иҷро кунам.  Он вақт фаҳмидам, ки табибӣ касби ман нест. Ҷиддан ба мусиқӣ машғул шудам", — изҳор дошт Амонқулова.

Овозхон аз модаркалонаш низ миннатдорӣ кардааст, ки падарашро розӣ кардаанд, то Нигина ба роҳи санъат пеш равад.

"Ташаккур ба модаркалонам, ки маро дастгирӣ карданд ва падарамро розӣ кунонданд, ки ман мавқеи худро ёфтам. Ҳамин тавр ман донишҷӯи Консерваторяи Тоҷикистон ва овозхони ансамбли "Дарё" гаштам. Ман аз устодонам Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева ва Аслиддин Низомов миннатдорам", — таъкид намуда буд Амонқулова дар суҳбат бо хабарнигорони Узбакистон.

Барчаспҳо:
клип, намоҳанг, суруд, Самарқанд, Узбакистон, фарҳанг, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ