16:57 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Мақсуда Ҳасанова, кандакор

Кандакории занон: аз ниёзмандӣ то эҳёи ҳунари миллӣ (НАВОР)

© предоставлено Камаром Ахрором
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
17810

Дар рустои Хистеварз, дар наздикии шаҳри Хуҷанд, нодиртарин ҳунари миллӣ - кандакорӣ аз нав эҳё шуда, ки посдорандагонаш асосан бонувонанд

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik, Қамари Аҳрор. Дар коргоҳи дуредгарӣ ба номи  “Наққошӣ” дар рустои Хистеварз ҳудуди 60 зан, ба дарҷи нақшу нигори нодири миллӣ дар  рӯи чуб машғуланд, ки ҷузъе аз сохтмони дару панҷара, сақфу стуунпояҳои  иморатҳо мебошанд.

Ин гурӯҳи занон дар ҳоле ба ҳунари кандакорӣ мурур кардаанд, ки адами шароити иқтисод дар хонаводаҳо мардҳоро пушти кори  муҳоҷират қарор дод ва онҳо аз танҳоиву бекорӣ хаставу ночор монда буданд.

Комилҷон Зуҳуров аз устоҳои маъруфи суғдӣ дар соли 2011 коргоҳи ҳунарии “Наққошӣ” - ро дар рустои Хистеварз таъсис дод ва шумори занони шавқмандро гирди ҳам овард то ҳунари кандакорӣ  омӯзанд.   

Мақсуда Ҳасанова  аз шумори занони ҳунарманд аст, ки мегӯяд қариб 9 сол муқаддам пой ба ин коргоҳ ниҳод ва ҳунари кандакорӣ омӯхт. Ӯ ҳоло ба дараҷаи устодӣ расидааст ва барои бонувони дигар ин ҳунарро меомӯзонад.  

© Камар Ахрор
Мастерица резьбы по дереву Максуда Хасанова рассказала о своем ремесле

Хонум Мақсуда афзуд, омӯзиши ин ҳунар ба занон  имкон медиҳад, то аз вартаи бекориву ниёзмандиҳои рӯзгор берун шаванд ва ба ин васила зиндагии худу хонаводаҳояшонро  таъмин намоянд.

“Ҳунари кандакориро 9 сол пеш, бо дастгирии устоди азизамон Комилҷон Зуҳуров омӯхтем. Мо хеле хурсандем, ки ин ҳунарро аз худ карда, аз пушти он маош дарёфт карда, барои рӯзгорамон истифода мебарем. Аслан ҳама кор душвориҳои худро дорад. Агар шумо бо шавқу бо меҳр ба  он даст занед, аз худ карда метавонед. Баъд аз омӯхтан ҳама кор осон мешавад”, - илова кард Мақсуда Ҳасанова. 

Тасвири гулу буттаҳои баҳорӣ, нақши моҳу обу офтоб, расми  ҳайвоноти нодир, аз зумраи офаридаҳои ҳунарии занон дар коргоҳи “Наққошӣ” дар Хистеварз мебошад, ки ҷузъе аз сохтмони дару панҷара, сақфу болор барои иморатҳо ва дастаи гаҳвораи барои атфол истифода мешаванд. Ҳатто минбарҳо бо дарҷи нишони миллӣ, барои афроди мансабдори умдатан мард аз зури бозӯи ин занони ҳунарманд сохта мешавад.  

Чанд иморату иншооте, ки бо ороишоти нодир аз  чӯб дар гӯшаву канори  Тоҷикистон сохта шудаанд, намунае аз ҳунари кандакории  коргоҳи “Наққошӣ” мебошанд.  

Мақсуда Ҳасанова аз зумраи занони ин  коргоҳи ҳунармандӣ мегӯяд, ки дар тӯли ин солҳо дар сохтмони чанд иморату иншооти давлатӣ саҳм гузоштаанд.

“Бузургтарин чойхона миллӣ дар деҳаи Хистеварз, ки дар соли 2011 бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, бинои  Чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров, як иморат дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ва масолеҳи иморатҳои дигар дар ноҳияи Ҳисор ва ноҳияи Варзоб аз ҳунари кандакории мо мебошад. Ҳатто айвоне, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини кишвари Олмон дар соли 2017 сохта шуд, болору сақфи онро мо кандакорӣ кардаем. Мо аз ин  ифтихор мекунем”, - гуфт Ҳасанова.

Дуредгариву кандакорӣ навъе аз ҳунарҳои миллист, ки дар сохтмони тахти  шоҳону амирон дар аҳди бостон  фаровон истифода мешуд.

Бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар ин ҳунари миллӣ муддате аз назари ҳунарварону таваҷҷӯҳгаронаш дур монда буд. Бо гузашти солҳо, ҳоло ин ҳунарро занон эҳё мекунанд. Заноне, ки ҳоло дар коргоҳе дар Хистеварз ба дараҷаи устогӣ расидаву ба шикасти қолибҳои иҷтимоие дастёб шудаанд, чун то ин замон ҳунари кандакорӣ сирфан кори мардона гуфта мешуд.

Мавзӯъҳои асосӣ