Бо сарпарастии Рустам Эмомалӣ дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии "Чакан" баргузор мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашвора бо ташаббуси Кумитаи сайёҳӣ ва сарпарастии раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ баргузор карда мешавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Душанбе ҷашновари байналмилалии "Чакан" баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора аз 11 то 14 октябр баргузор гардида, дар он ҳунармандони дохиливу хориҷӣ ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, фестивали "Чакан" бо ташаббуси кумита ва сарпарастии раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ баргузор мешавад.

Дар доираи фестивал суҳбату вохӯриҳо бо иштироки ҳунармандони кишвар дар назар аст.

Рӯзҳои 13-14 октябр аз соати 10:00 то 18:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиш- фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда мешаванд.

Дар ин рӯзҳо шаҳрвандону меҳмонон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти ҳунармандони дохилию хориҷиро доранд.

Лентаи хабарҳо
0