13:44 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Наворбардорӣ, акс аз бойгонӣ

Панҷ ҳазор сомонӣ барои “Таксӣ”: баҳси филмофарии ҷавонон дар Душанбе

© Sputnik / Василий Батанов
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
383 0 0

Мутахассисони соҳаи синамо 20-уми октябр, дар рӯзи охири Синамобазми байналмилалии 8-уми “Дидор” дар толори нави кинотеатри “Зебуннисо” филмофарии ҷавонон дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Рӯзноманигор  ва таҳлилгари тоҷик, Ҷовид Муқим, дар блогаш аз ин ҳамоиш хабар дода, афзудааст, ки Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, узви доварони филмҳои тоҷикӣ гуфт, ҷавонон метавонанд ва бояд филм офаранд.

“Онҳо метавонанд, чӣ мавзӯи ҷавононро баррасӣ бикунанд ва чӣ мавзӯи калонсолонро. Ба ин касе монеъ намешавад. Вале аз он ки ман филмҳои тоҷикиро тамошо кардам, филмофарони ҷавон ҳанӯз бояд зиёд омӯзанд”, - изҳор доштааст Қарибӣ.

Филмноманавис ва адиби машҳури тоҷик Абдурофеъ Рабизода аз филмофарии ҷавонон дастгирӣ карда, камбудиҳои баъзе филмҳои коргардонҳои ҷавонро гуфт. Ба назари ӯ, бо каме тағйироти ҷузъӣ дар филмнома ва коргардонӣ филмҳои хеле хуб бардоштан мумкин буд.

Ба қавли Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, актёри театр ва кино Абдулмуъмин Шарифов синамои ҷавонон ба вуҷуд омадааст ва вале барои рушди он дастгирии ҳамаҷониба лозим аст.

Худи Ҷовид Муқим ба ин назар аст, ки бояд коргардонҳои ҷавон рӯи саҳна биёянд.

“Албатта, филмҳои аввалини онҳо бе камбудӣ нестанд. Вале агар онҳо имрӯз филмофарӣ накунанд, пас фардо кӣ ҷои когардонҳои миёнсолу куҳансолро мегирад? Барои ба дараҷаи ҳирфаӣ расидан бояд онҳо ҳарчӣ бештар омӯзанд ва малакаашонро сайқал бидиҳанд. Ҳоло се чиз — таҷрибаву малака ва ҷаҳонбинии васеъ ба онҳо намерасад”, - муътақид аст Ҷовид Муқим.

Дар мизи гирд ҳамчунин қайд шудааст, ки камбуди молиявӣ пеши рушди синамои тоҷикро мегирад. Аз ҷумла зикр гардидааст, ки барои офаридани филми “Таксӣ”-и коргардони ҷавон Файзулло Файзов, ки 27 дақиқа аст, ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд ва актёрон қариб ки ройгон нақш офариданд.

Дар охири нишаст изҳори умед карда шудааст, ки филмофарии ҷавонон минбаъд боз ҳам рушд хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ