Сокини Хуросон дар деҳааш ибодатгоҳи қабл аз Исломро пайдо кард

© Фото : Илья Буяновский Рисовые поля в Таджикистане, скалы над ними - в Кыргызстане, архивное фото
Рисовые поля в Таджикистане, скалы над ними - в Кыргызстане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Элёр Ахметов, сокини деҳаи Субҳи ноҳияи Хуросон, омӯзгори мактаби миёна дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Асадуллои рустоя дайри буддоӣ, ки таърихи беш аз 1,5 ҳазор солиро дорад, пайдо намудааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Элёр Ахметов аз бозёфташ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.

Медресе XIX века в Дангаре - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон дар Данғара мадрасаи таърихиеро меомӯзанд

Саидмурод Бобомуллоев, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи расидани хабар,  як гурӯҳ бостоншиносон ба ноҳия сафар намуда,маълум кардаанд, ки ин мавзеъ воқеан ҳам таърихист.

“Дайри буддоии бозёфтшуда дар зери замин буда, ба давраи Ҳайтолиён, асрҳои 5 – 6, мутааллиқ аст. Мавзеи мазкур ба хонаҳои зеризаминии даври буддоӣ монанд аст. Дохили он сангин буда, сақфаш гунбазӣ аст. Аз боло равзана дошта, он аслан барои рӯшан намудани дохили бино хидмат менамояд. Дохили бино холӣ буда, мардум он ҷо аслан барои ибодат мерафтанд”, - хабар додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз қавли Бобомуллоев.

Манбаъ афзуд, дар Тоҷикистон дайрҳои зиёди таърихӣ мавҷуд буданд.

Министр образовани Таджикистана Нуриддин Саид встетился с министром просвешания России Ольга Васильева - Sputnik Тоҷикистон
Муаррихи рус ба вазири Русия: дарси таърихи тоҷиконро бештар кунед

“Аммо онҳо бо гузашти солҳо хароб гашта, то замони мо танҳо баъзеашон расидаанд, ки дайри буддоии бозёфтшуда аз зумраи онҳост. Аз дигар дайрҳои буддоӣ бо он тафовут дорад, ки он хеле зебо ва мустаҳкам сохта шудааст. Дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётӣ идома хоҳанд ёфт. Ҳафриёти минбаъда  имкон медиҳад, ки дар бораи ин мавзеи таърихӣ иттилои бештар пайдо намоем”, - изҳор доштааст Бобомуллоев.

Ӯ таъкид намудааст, ки ҳанӯз ёдгориҳои  нуҳуфтаву таҳқиқношудаи зиёде дорем ва омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо имкон медиҳанд, ки дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи нав боз гардад.

Лентаи хабарҳо
0