04:01 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Празднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото

Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
239 0 0

Шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро ба муносибати ифтитоҳи агрегати аввали Роғун ба тамошои консерт ва оташбозӣ ё "фейерверк" даъват мекунад. 17-уми ноябр дар чанд минтақаи Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ба тантанаи ба истифода додани аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун консерт ва оташбозӣ баргузор мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 17-уми ноябр дар "Наврӯзгоҳ" барномаи театрикунонидашуда баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.

"Дар ин барномаи театришуда устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ ба фазои идонаи Тоҷикистон шукӯҳи тоза мебахшанд", - менависад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

17 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ,   майдони 800-солагии Москваи  ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар ноҳияи Сино  баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе  сокинону меҳмонони пойтахтро  ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.

Мавзӯъҳои асосӣ