Китоби сол: Вазорати фарҳанги Тоҷикистон байни шоирону нависандагон озмун эълон мекунад

© SputnikСоюз писателей РТ опубликовал книгу о Рахмоне
Союз писателей РТ опубликовал книгу о Рахмоне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмун ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он шоирону нависандагоне иштирок карда метавонанд, ки на кам аз ду китобашон дар нашриёти ҷумҳурӣ мунташир шуда бошад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.  Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии "Китоби сол-2018” эълон менамояд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст мебошад.

Асарҳо бояд ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлат ва ба ин васила арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.

"Дар озмун муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2018 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд.

Барои ғолибони китоби назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона дипломҳо ва мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Озмун иштирок карданро доранд, бояд 2 нусха (як номгӯй) китоби тозаэҷоди дар давоми соли 2018 дар яке аз нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намудаашонро то 21 декабри соли 2018 ба ба суроғаи зерин ирсол намоянд: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34. Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0