22:52 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Народный поэт Таджикистана Бозор Собир и народный поэт Таджикистана Муъмин Каноат и внучка Муъмин Каноата Шахноз Комилзода

Ёди бузургон: “Бозор Собир Мӯъмин Қаноатро ҳайкали хомӯшӣ мегуфт”

© из личного архива Шахноза Комилзода
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
606 0 0

Бобо, шуморо Бозор Собир ҳайкали хомӯшӣ гуфтааст. Устод аввал хомӯш монд, чизе нагуфт. Пас аз лаҳзае якбора садои қоҳ-қоҳи хандааш баланд шуд. Сипас гуфт, ки “шоири ҷасур ба кадом хотир маро ин хел гуфта бошад?” Намедонам, шояд ба он хотире, ки шумо пеш аз чизе гуфтан, каме хомӯш меистед, гуфтам ман

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Имрӯз зодрӯзи шоири мардумии Тоҷикистон Бозор Собир аст. Агар умр вафо мекард, Бозор Собири номӣ 80-сола мешуд. Sputnik Тоҷикистон мусоҳибаеро, ки пас аз марги шоири бузурги тоҷик Мӯъмин Қаноат бо наберааш Шаҳноз Комилзода анҷом дода буд, ба ёд меорад. Ба гуфтаи Шаҳноз, Бозор Собир мегуфт, ки “Мӯъмин Қаноат қабул кунад ё не, ӯ устоди ҳамаи мо (шоирон - идора) аст”.

“Моҳи май, бобоям бемор буд, ба хабаргириаш рафтам. Чанд рӯз пеш, устод Бозор Собир даргузашта буд. Аввал пурсидам, ки оё устод аз марги Бозор Собир хабар дорад, вақте гуфтанд, ки баъди аҳволаш беҳтар шудан, гуфтем, дар ин бора бо вай сӯҳбат кардам”, - гӯён ба сухан сар кард хонум Комилзода.

Ёдрас мешавем, Бозор Собир 1-уми майи соли равон дар пайи беморӣ дар Амрико даргузашт. Ҷасади шоирро дар Душанбе дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд. Шоири мардумии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат пас аз ҳудудан ду ҳафаи даргузашти Бозор Собир 18-уми май дар Душанбе вафот кард. Мақбараи Мӯъмин Қаноат дар бари марқади Бозор Собир ҷой гирифтааст.

Похороны Бозора Собира
© Sputnik / Амир Исаев
Похороны Бозора Собира

“Бозор Собир ҳам рафт, а, бобо, гуфтам ман. Бале, рафт, пастакак посух дод устод.  Мо ҳам меравем, афзуд вай. Пас дар ҳамин маврид дар дилатон ягон шеърак пайдо нашуд, гуфтам ман.  Як чизҳое ҳаст, аммо ҷамъу гир карда натавониста истодаам, посух дод Мӯъмин Қаноат”, - ба ёд меоварад Комилзода.

Народный поэт Таджикистана Бозор Собир и народный поэт Таджикистана Муъмин Каноат и внучка Муъмин Каноата Шахноз Комилзода
© из личного архива Шахноза Комилзода
Народный поэт Таджикистана Бозор Собир и народный поэт Таджикистана Муъмин Каноат и внучка Муъмин Каноата Шахноз Комилзода
Ба гуфтаи ин бону, Бозор Собир дар мусоҳибае дар мавриди сӯҳбат атрофи устод Мӯъмин Қаноат шоирро устоди худ хонда, ҳазломез ӯро “ҳайкали хомӯшӣ” гуфтааст. Набераи шоир аз ин шӯхии Бозор Собир ба бобояш нақл кардааст.

“Дар як сӯҳбатамон Бозор Собир гуфта буд, ки Мӯъмин Қаноат қабул кунад, ё не, ӯ устоди мо аст. Баъди мусоҳиба рӯзе ба устод  нақл кардам, ки бобо шуморо Бозор Собир ҳайкали хомӯшӣ гуфт. Ӯ аввал хомӯш монд ва сипас садои қоҳ-қоҳи хандааш баланд шуд. Сипас гуфт, ки “шоири ҷасур ба кадом хотир маро ин хел гуфта бошад?” Намедонам, шояд ба он хотире, ки  шумо пеш аз чизе гуфтан, каме хомӯш меистед, гуфтам ман. Шояд, гуфт вай”, - нақл мекунад Комилзода.

Ба гуфтаи хонум Шаҳноз, Мӯъмин Қаноат Бозор Собирро шоири далеру боғайрат мегуфт.  Ҳар замон Бозор Собир ба хонаводаи устод Мӯъмин Қаноат меҳмон мешудааст ва ҳарду ба ҳамдигар “дарди дил” мекардаанд.

Устод мантуҳои пухтаи маро хеле дуст медошт. Баъзан хонумашон занг мезаду мегуфт, устод пазмони мантуҳоят шудаст. Фавран таоми дустдоштаи устод Бозорро таёр мекардам. Бобоям, падарам ва Бозор Собир сари миз сӯҳбати гарме меоростанду шеърхониву сурудхонӣ мекарданд. Чун мо дар ошхона будем, хабар  надоштам, ки онҳо аз чӣ мегуфтанд. Аммо сӯҳбатҳошон тӯлонӣ буд, гоҳо садои хандаашон баланд мешуд, гоҳе бо шавқ суруд мехонданд ва гоҳе сари чизе баҳс мекарданд”, - ба ҳасрат ёд меорад Шаҳноз.

Народный поэт Таджикистана Бозор Собир и народный поэт Таджикистана Муъмин Каноат и внучка Муъмин Каноата Шахноз Комилзода
© из личного архива Шахноза Комилзода
Народный поэт Таджикистана Бозор Собир и народный поэт Таджикистана Муъмин Каноат и внучка Муъмин Каноата Шахноз Комилзода

Sputnik Тоҷикистон охирон мусоҳиба бо Бозор Собирро низ дар ихтиёр дорад.

20-уми ноябри соли 2016. Шумораи телефони хонагии Бозор Собирро мечинам. Аз он сӯ ҳамсари устод посух мегӯянд. Гуфтам мехостам устодро бо зодрӯзашон шодбош гӯям. Гӯширо устоди шеър мегирад:

— Салом алейкум, устод. Зодрӯз муборак…!
— Ташаккур, ташаккур. Шумо аз куҷо телефон мекунед?
— Аз Маскав, устод.
— Сипос, барои зангатон.

Вақте хостам бипурсам, ки зодрӯзи шоир чӣ гуна мегузарад, хандиду гуфт, "ту ҳоло аз ман интервю ҳам гирифтан мехоҳӣ? Пагоҳ, пагоҳ занг зан".

Пагоҳ Бозор Собир ба қавлаш вафо кард. Устоди шеър дар он мусоҳиба аз рисолати шоирӣ, вазъи забони тоҷикӣ, аз фарҳангу маданияти тоҷикон ва таъсири фарҳанги хориҷа ба он, аз даврони Шуравӣ  ва Тоҷикистон сӯҳбат орост.

Бозор Собир аз ҷумла қайд кард, "шоир беҳтарин интелегенти миллат аст ва ӯ бояд дар ҳамаи корҳое, ки ба фарҳанг дахл дорад, даст дошта бошад".

Шоир мегуфт, аз қадрдонии ҳамватанон ва ҳаводоронаш дар Ватан сад дар сад розӣ аст. Вай афзуд, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, бо мардуми тоҷик наздиктар шудааст.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър фаъолият кардааст.

Шоирро 14-уми май дар Душанбе ба хок супурданд.

© Sputnik
Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам

Мавзӯъҳои асосӣ