14:03 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Шоир Бозор Собир

Гиромидошти хотир: ду китоби Бозор Собир мунташир шуд

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
10010

Китобҳои тозанашри шоирро дар маҳфили ёдбудаш ба аҳли адаб тақдим мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Фардо, 23-уми ноябр дар Иттифоқи нависандагон маҳфили ёдбуди шоири мардмии Тоҷикистон Бозор Собир баргузор мегардад.

Дар маҳфил нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард.

Дар назар аст, ба хотири гиромидошти ёди шоир ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билол аз эҷодиёти Бозор Собир суруд хонад ва ҳунармандони Театри ҷавонони Тоҷикистон намоишномаи "Шабе дур аз Ватан"-ро, ки аз зиндагии Бозор Собир дар ғурбат нақл мекунад, ба саҳна гузоранд.

Ба гиромидошти хотири устод Бозор Собир ду китоби ӯ ба нашр расидаанд, ки зимни маҳфили шеъру суруд ба иштирокдорон тақдим мегарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ