13:31 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Флаг России и Таджикистана, архивное фото

Русияву Тоҷикистон аз Бобоҷон Ғафуров ёд карданд

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
81 0 0

Вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Русия бахшида ба 110 солагии Бобоҷон Ғафуров қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ ташкил карда шуд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.  Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110 солагии қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намоишгоҳ таҳти унвони “Тоҷикистон – Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ” оғоз гардид.

Бино бар иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи  Русия мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумат, Парлумон ва ходимони илму фарҳанги Тоҷикистону Русия иштирок намуданд.

Инчунин дар оғози маросими ифтитоҳи намоишгоҳ паёмҳои табрикотии президентҳои Тоҷикистон ва Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба иштирокдорону меҳмонон манзур гардида, китоб–феҳрасти ёдгориҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар Душанбе дар доираи ҷамъомад ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии  илмӣ  баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхона, намоиш, Бобоҷон Ғафуров, фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ