22:32 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Ҷон Уоррен, акс аз бойгонӣ

Аз палави моеъ то қасру боғҳо ва робот-пешхизмат: нашри “Поедем, поедим!” дар НТВ - видео

© Sputnik Стрингер
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1053 0 0

Шабакаи телевизионии “НТВ” барномаи “Поедем, поедим!” – ро, ки дар Тоҷикистон таҳия шудааст, 24 ноябр намоиш дод

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ҷон Уоррен, барандаи  барномаи мазкур тамошобинонро бо табиат, ғизоҳои миллӣ, фарҳанг, таърих, қасрҳо ва дигар бахшҳои ҳаёт дар Тоҷикистон шинос мекунад.

НАВОР-и барномаи "Поедим, поедим" аз Тоҷикистон дар саҳифаи НТВ дар Ютуб

Инчунин барномаи мазкурро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо нафар писандида, садҳо нафар бознашр кардаанд.

Ӯ аз зиёд будани сохтмонҳо ва боғу гулгаштҳо дар пойтахт тавсиф карда, мегӯяд, дар ҳоле  ки ҳама ҷо сабзазор аст, тоҷикон инро тирамоҳ мегӯянд.

Ҷон Уоррен инчунин ҳамроҳ бо овозхон Мадина Ақназарова мастобаро, ки "палави моеъ" номаш мебарад, омода мекунад. Дар баробари ин барандаи “Поедем, поедим!” аз қалъаи Ҳисор, ангурзорҳо, куҳҳои Фон ва Искандаркӯл боздид карда, аз хизмати робот – пешхизмат бархӯрдор мешавад.  

Мавзӯъҳои асосӣ