11:28 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Дни культуры Таджикистана в Москве

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар ба анҷом расиданд

Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таҳти роҳбарии Шамсиддин Орумбекзода ба ватан баргаштанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба Душанбе баргаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Аъзои ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар аз 22 то 28 ноябри соли ҷорӣ дар ин кишвар қарор доштанд.

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳоро Вазири фарҳангии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сарварӣ намуда, ба он Давлатманд Холов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии "Парасту" шомил буданд.

Манбаъ афзудааст, ки дар доираи ин чорабинӣ ҳайати фарҳангии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг ба фаъолияти Китобхонаи миллии ин кишвар шинос шуда, китоби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров - "Тоҷикон" -ро ба мудири ин китобхона такдим намуданд.

Чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои хабарии Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, дар барномаҳои телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рўзномаи "Ал Ватан"-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал баргузор шуд.

 

Барчаспҳо:
тоҷикон, Қатар, рӯзҳои фарҳангӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ