23:09 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар рӯзи ҷумъа ба масҷид рафтанд

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз масҷиди дар ҳоли бунёди Душанбе - видео

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
5269 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе рӯзи ҷумъаи 30 ноябр ба Масҷиди бунёдшавандаи ҷомеи шаҳри Душанбе рафтанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки масҷиди мазкур бояд садсолаҳо ба мардуми Тоҷикиситон хидмат кунад.

Ба иттилои котиботи Эмомалӣ Раҳмон, масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд.

Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода,  санги асос дар он аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншоот тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ таъкид намудааст, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шавад то ин ки иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд садсолаҳо хизмат расонад.

Дафтари матбуот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат, даромадгоҳҳои иншоот ва дарвозаҳои он дастурҳои мушаххас дод.

Мавзӯъҳои асосӣ