18:04 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Даниел Рустамов, акс аз бойгонӣ

Баҳои пасти довару овози зиёди мухлисон: Рустамов ба нимфинали “Голос” гузашт - видео

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
96810

Даниэл Рустамов, овозхони зодаи Тоҷикистон дар озмуни “Голос”-и шабакаи аввали телевизиони Русия бо гирифтани раъйи тамошобинон ба даври ниманиҳоӣ гузашт

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Рустамов ҳамроҳи Рушана Валиева ва Аннагазел Гокинаева, ба ҳайси намояндагони тими овозхон Сергей Шнуров ҳунарнамоӣ кардаанд.  Даниел Рустамов  суруди “Natural”-и гуруҳи “Imagine Dragons”-ро иҷро кард.

Худи Шнуров ба ҳайси мураббӣ ҳунарнамоии шогирдонашро баҳогузорӣ карда, ба Рустамов 20%, ба Валиева 50% ва ба Гокинаева 30 дарсади холҳоро сазовор донист. Аммо овоздиҳии тамошобинон, ки 37% ба ҷонибдории Рустамов раъй доданд боис шуд, ки ӯ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад.  Овозхони зодаи Тоҷикистон гуфт, ба ин марҳила расиданашро дар озмуни “Голос” ҳеч интизор надошт.

Рустамов дар арафаи озмуни чорякниҳоии  “Голос” аз ҳамватанону мухлисон хоҳиш кард, ки ӯро дар марҳилаи навбатии озмуни “Голос” бо додани овозҳои худ дастгирӣ кунанд ва тамошобинон хоҳиши ӯро иҷро намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ