21:44 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Зоирин дар Макка, акс аз бойгонӣ

Ноиби сарвазири Тоҷикистон камбудиҳои масъулину зоиринро дар “Ҳаҷ-2018” гуфт

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
515 0 0

Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон камбудии масъулин ва зоиринро дар мавсими “Ҳаҷ-2018” баён дошта, ба ҷои мусобиқаю худнамоиҳо саҳмгузорӣ дар бунёди мактабу роҳу бемористонро авлотар донист

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Азим Иброҳим имрӯз зимни ҷаласаи ҷамъбастии “Ҳаҷ-2018” ва  омодагӣ ба мавсими соли 2019 изҳор дошт, ки бо вуҷуди дастовардҳо мавсими имсола бархе камбудиҳо низ дошт, хабар додааст “Ховар”.

“Нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, бо вуҷуди донистани забони арабӣ аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархӯрдор набудани баъзе роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ мушоҳида гардид”, - изҳор доштааст ноиби нахуствазир.

Ӯ ин камбудиҳоро соли гузашта низ зикр карда, изҳори умед карда буд, ки масъулин онҳоро ислоҳ мекунанд.

Соли равон низ изҳори умедворӣ намудаст, ки дар дар мавсими ҳаҷи соли 2019 масъулин  ба зоирини тоҷик шароити хуб фароҳам меоранд ва ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷи фарзӣ имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи онҳо ба инобат гирифта мешавад.

Ноиби нахуствазир таъкид намудааст, ки “миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мепазиранд”.

Ӯ мояи нигаронӣ хондааст, ки иддае аз шаҳрвандон солҳои охир рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро ба мусобиқа табдил дода, худнамоӣ мекунанд.  

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки пайғамбари дини мубини ислом ҳамагӣ як маротиба ҳаҷи фарзиро ба ҷо овардаанд.

“Аз ин нуқтаи назар маблағи ҳаҷҷи такрориро барои бунёди роҳу кўчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, сохтмони пул, гузаронидани қубури об, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона ва ғайра сарф кардан ва ё ҳамчун садақаи ҷория барои дастгирии ятимон равона сохтан савоби бештар дорад”, - зарур хондаанд масъулин.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар ҳаҷи фарзӣ анҷом медиҳанд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумат ва дигар мақомоти дахлдор муваззаф шудаанд, ки сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Мавзӯъҳои асосӣ