22:22 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Иштирокдорони як озмуни зебоӣ, акс аз бойгонӣ

Латукӯби вакили қазоқе, ки бо синаи урён ба саҳнаи мӯд баромад - аксҳо

© Sputnik / Юрий Стрелец
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
919 0 0

Динагул Тасова, модел ва вакили ҷавони қазоқ, ки дар намоиши “Fashion Night Astana" бо синаи урён ба саҳна баромад, аз латукӯбаш хабар дод

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Тасова дар саҳифааш дар Инстаграм гуфт, баъди иштирокаш дар намоиши мӯди “Fashion Night Astana" бо пироҳани шафофе, ки синаашро намепӯшонд, зери борони танқиду маломат қарор гирифт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#fna2018 #fashionastana #fashionnightastana

Публикация от Фотограф Астана/Караганда (@by.alina.p)

“Нафаре маро бадахлоқ мехонду дигаре масхара мекард. Кор то ҷое расид, ки саҳифаамро аз Instagram пок кардаанд ва ин ҳама аз барои синаи урён”, - вакили ҷавони қазоқ.

Ӯ дар идома суол гузоштааст, ки оё месазад барои синаи урён духтар мавриди латукӯбу таҳқир қарор гирад ва худаш посух додааст, ки не.

Тасова бо нашри аксҳои ҷадид, ки дар онҳо осори латукӯб намоиш дода шудааст, изҳор дошт, ки ин натиҷаи “дастгирӣ”-и як нафарест, ки қаблан ӯро аз ҷумлаи наздикони худ медонист.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Бить или не бить? Вот в чем вопрос! После новости о показе, в котором я принимала участие на меня в буквальном смысле свалился шквал критики. Кто-то говорил о моем низком уровне нравственного развития, кто-то открыто издевался. Дошло до того, что мой аккаунт в Instagram (@dinagul.tassova) удалили и причина всему - грудь. Я как модель делаю свою работу и делаю её хорошо. Когда я вышла на сцену все аплодировали. После показа ко мне подходили женщины с теплым отзывами и фотографировались. Открою вам секрет - у меня и до этого и были показы в прозрачном белье и в купальниках. Я просто делаю свою работу на сцене! Так же как и каждый из вас! Можно ли за это ударить и унижать девушку? Нет. Никому. А теперь посмотрите на снимки в посте. На фотографиях результат «поддержки» как мне казалось «близкого» человека. Я хочу поблагодарить его — он заставил меня прочувствовать на себе серьезную проблему! Физические раны ничто, по сравнению с теми душевными ранами, которые он нанес. Я твердо решила для себя, что не должна об этом молчать! Никому нельзя поднимать руку на слабых, беззащитных и тех, кто не может себя защитить. Я узнала, что у нас в Казахстане утверждена Концепция семейной и гендерной политики до 2030 года. Согласно статистике, ежегодно в подразделения по защите женщин от насилия обращается больше 40 тысяч женщин и это только те, которые не побоялись написать заявление - вы считаете это нормально? Мы говорим о том, что мы хотим попасть в число самых развитых стран мира! Как? Если наши некоторые мужчины ведут себя как в средневековье? Каждая третья женщина, на протяжении жизни подвергается побоям, сексуальному принуждению или иным видам жестокого обращения! Вы хотели знать буду ли я заниматься общественной деятельностью? Да и буду делать это по-своему. Остановить бытовое насилие и жестокое обращение с женщинами и детьми - вот моя цель, мой вклад в общество! Спасибо всем вам за то, что дали понять, что по-настоящему важно! Это мой новый инстаграм профиль - @dinagul.tasova (https://instagram.com/dinagul.tasova?utm_source=ig_profile_share&igshid=185i2brtw08pu) #динагультасова #динагуль

Публикация от Dinagul Tasova (@dinagul.tasova)

“Ман мехоҳам ба ин мард миннатдориямро баён кунам, чун ӯ маро водор кард, ки таъсири мушкили ҷадидро дар  худ эҳсос кунам”, - изҳор доштааст ҷавонзан.

Ӯ зикр кардааст, ки дар гузашта низ бо пироҳанҳои шафоф дар намоиши мӯд иштирок кардааст ва ин ҷузъи кораш мебошад. Дар идома аз вуҷуди нобаробариҳои ҷинсӣ гуфта, таъкид намудааст, ки корҳои ҷамъиятияшро идома медиҳад ва мақсади асосияш хотима бахшидан ба хушунат алайҳи занону кӯдакон мебошад.

Тасова, зебосанам ва вакили даъвати VII –и маҷлиси ҷавонони шаҳри Остона мебошад, ки ахиран дар як намоиши мӯд  бо пироҳани шаффоф аз хонаи муди Dana Dyusembayeva ба саҳна баромада, баҳси бараҳнасозиҳои занон дар Осиёи Марказиро дигарбора барангехт.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳе аз ӯ ҷонибдорӣ карда, бархеи дигар корашро фаҳш хондаанд, ки хилофи арзишҳои фарҳангию миллӣ мебошад.

Урён кардани ҷисм аз ҷониби бархе аз занон дар Осиёи Марказӣ ҳамчун санъат ва эътироз алайҳи ҷомеаҳои мардсолор вақтҳои охир густарда шудааст. 

Мавзӯъҳои асосӣ