Гулрухсор Сафиева, Камол Насрулло ва Гурез Сафар барандаи озмуни “Китоби сол-2018” шуданд

© Sputnik / Amir IsaevПоэтесса Гулрухсор Сафиева
Поэтесса Гулрухсор Сафиева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2018” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Народная поэтесса Таджикистана Гулрухсор Сафиева - Sputnik Тоҷикистон
Гулрухсор: ҳар як фарди тоҷик бояд китоби Айниро дошта бошад

Бино бар иттилои манбаъ, озмун аз рӯи шартҳои маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир гузаронида шуд.

Дар бахши назми озмун Гулрухсор Сафиева барои таълифи китоби “Лабчанг”, Камол Насрулло барои китоби “Дар оғӯши хазонрез” ва Гурез Сафар барои китоби “Се тори ҳамнаво” ғолиб гардиданд.

Дар бахши наср Сироҷиддин Икромӣ барои таълифи китоби “Боздошти муҳоҷир”, Абдурауф Муродӣ барои китоби “Пайкори мӯрон” ва Шодӣ Раҷабзод барои нашри китоби “Ранҷиш” қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин дар озмун як зумра асарҳои публисистӣ низ ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, нависанда Туҳфа Расулӣ барои асари “Духтари баҳор” ва Маҷид Салим барои ҳикоёти “Бешаи палангон” ғолиб дониста шуданд.

Книжная ярмарка  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби сокинони пойтахт ба китобхонӣ: дар Душанбе намоишгоҳи китоб баргузор мешавад

Ба ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона диплому мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон супорида шуданд.

Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намудааст, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯй бошанд.

“Инчунин асарҳое, ки ба озмун пешниҳод гардиданд,  фарогири мавзӯъҳои ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ буданд”, -гуфт Машраб.

Мавриди зикр аст, ки озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Лентаи хабарҳо
0