22:45 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ноты на клавишах фортепиано, архивное фото

Соҳибҷон Ҳасанов, оҳангсози ҷавони тоҷик барандаи озмуни байналмилалӣ шуд

CC0 / Pixabay
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Оҳангсози ҷавони тоҷик дар Фестивал - озмуни V - уми байналмилалии “Зебогӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷодиёт”, ки дар шаҳри Сочии Русия ҷараён дорад соҳиби ҷои аввал гаштааст

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik.   Дар бахши Озмуни “Компизитори ҷавон” - намояндаи Тоҷикистон Соҳибҷон Ҳасанов дар Фестивал - озмуни V - уми байналмилалии “Зебогӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷодиёт” соҳиби ҷойи аввал (сину соли 21-25 сола) гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг дар иқтибос ба Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Сочии Русия бо ибтикори Вазорати фарҳанги минтақаи Краснодари Русия Фестивал - озмуни V - уми байналмилалии “Зебогӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷодиёт” (“Красота и гармония в творчестве”) ҷараён дорад.

Ҳакамон маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро аз рўи номинатсияҳои санъати овозхонӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати рақс, санъати рассомӣ, санъати эстрадаю сирк ва Озмуни “Композитори ҷавон” (аз рўи сину сол) баҳогузорӣ мекунанд. 

Соҳибҷон Ҳасанов хатмкунандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев буда, айни ҳол тибқи бурсияи таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бахши сеюми факултаи композитории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Краснодар таҳсил менамояд. Номбурда шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Русия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад.

Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни мазкур тавсеаи ҳамкориҳои гуногунрангии фарҳангӣ байни миллатҳо, мусоидат баҳри ташаккули истеъдодҳо ва рушди фарҳанги навоварӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави малакаи бадеӣ-эҷодии композиторони ҷавон ва навозандагону гуруҳҳои эҷодӣ- касбӣ мебошад.

Барчаспҳо:
донишҷӯ, ҷавони тоҷик, Русия, оҳангсоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ