19:47 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Перо

Эълони озмун: Иттифоқи нависандагон беҳтарин асар меҷӯяд

© Flickr / Toshiyuki IMAI
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳияи асарҳои беҳтарин озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳияи асарҳои беҳтарин озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кард, иттилоъ додааст Иттифоқи нависандагон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳадафи озмун эҷоди шеърҳо, ҳикояҳо, очеркҳо ва асарҳои саҳнавии нави баландғояи ватандӯстона, тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти Тоҷикистон, саҳми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллӣ мебошад.

Дар озмун шоирон, нависандагон, драматургон, очеркнависон иштирок менамоянд.

Ҷамъбасти озмун дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон сурат мегирад.

Тибқи муқаррароти озмун, шеър аз 150 сатр, хикоя, очерк ва асарҳои саҳнавӣ аз 15 саҳифаи А-4 (фосилаи байни сатрҳо 1, шрифт Palatino Linotype) бояд зиёд набошанд.

Барои ғолибони ҷойи аввал (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – се ҳазор  сомонӣ, ғолибони ҷойи дуюм (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 2,5 ҳазор сомонӣ ва сеюм (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – ду ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, қабули асарҳо то 15 августи соли 2019 идома меёбад.

Барчаспҳо:
истиқлолият, асар, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ