"Jingle Bells" бо созҳои тоҷикӣ ва рақси солинавии Моҳсира болои барф - видео

Обуна шудан
Моҳсира, раққосае, ки бо номи “Quint Essence”, дар интернет маъруф аст, зери навои "Jingle Bells" рақси тоҷикиеро бо сарулибоси миллӣ иҷро кардааст

Моҳсира, ки бо рақсҳои шарқиёнааш дар шабакаи интернет шинохта шудааст, бо рақси солинавӣ зери навои  "Jingle Bells"-и шарқӣ мухлисонашро бо Соли нав шодбош гуфтааст. Оҳанги "Jingle Bells"-и амрикоӣ дар навори нашркардаи Моҳсира бо созҳои шарқӣ иҷро ва бандубаст шудааст.

Моҳсира рақси солинавиро бо либоси миллии тоҷикӣ – куртаи атлас ва тоқии бадахшонӣ иҷро кардааст.

Ҳунарнамоии Моҳсираро тайи рӯзҳои аввали нашраш дар интернет даҳҳо ҳазор нафар тамошо карда, садҳои дигар писандида, бознашр кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0