14:58 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Абдуқаҳҳор Қосим, шоири тоҷик

Шоири тоҷик дар Маскав ҷоизаи байналмилалӣ гирифт

© Министерство культуры Республики Таджикистан
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Абдуқаҳҳори Қосим, шоири тоҷик, ҳамоҳангсози Иттифоқи байналмилалии нависандагон, драматургон ва журналистон дар шаҳри Маскав ҷоизаи ба номи Владимир Набоковро гирифт

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, медали байналмилалии ба номи Владимир Набоков ба шоири тоҷик аз сӯи Александр Николаевич Гритсенко, раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон  супорида шуд.

Манбаъ афзуд, бо медали ба номи Владимир Набоков муаллифоне сарфароз гардонида шуданд, ки ашъорашон аз интихоби ҷиддии озмунӣ гузаштанд.

Вазорати фарҳанг таъкид кард, ки  сардабири нашрияи ҳизбии “Ҳидоят” Абдуқаҳҳори Қосим бо медали “Барои саҳми эҷодӣ дар адабиёти хориҷӣ” сарфароз гардид.

Қаблан моҳи октябри соли 2018 мавсуф дар шаҳри Маскави Русия бо медали “Барои хизмати шоиста дар Иттифоқи байналмилалӣ” қадрдонӣ шуда буд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки Иттифоқи муаллифон ва ноширони мустақил шеъри бо тоҷикӣ ва русӣ эҷодшудаи Абдуқаҳҳори Қосим “Зелёная страна воспоминаний”-ро ғолиби озмуни “Россия-Испания: от Сервантеса до наших дней” дониста, бо забони испанӣ дар маҷмӯаи лауреатҳои ин озмун рўи чоп овард.

Ҳамчунин Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби ду ташкилоти эҷодӣ – Иттифоқи байналмилалии нависандагон, драмматургон ва журналистон ва Иттифоқи муаллифон ва ноширони мустақил соҳиби ҷоиза гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ